Қоҳир Расулзода, пеш аз мулоқот мулоқот бо фаъолияти корхонаи навтаъсиси коркарди санги «Элегант» шинос гардида, таъсиси ин корхонаро, ки имкон дорад, аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулот – сангҳои ороишӣ истеҳсол ва содирот намояд, аз дастовардҳои вижа унвон кард. Гуфта мешавад, сангҳои ороишии корхона ба талаботи стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аллакай дар хориҷи мамлакат – Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белоруссия ва Қазоқистон харидорони худро дорад. Алҳол, дар ин коргоҳ бештар аз 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба ҷои доимии кор ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз гармхонаи навбунёд, ки он бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдураззоқ Каримов бунёд ёфта, парвариши гулҳо ба роҳ монда шудааст, боздид намуд. Дар гармхонаи мазкур алҳол беш аз 25 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, аз қабили петунӣ, салвиё, колеус шукуфтаанд ва гӯшаву канори шаҳрро зеб хоҳанд дод.Раиси вилоят ин иқдомро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд, зеро гул ба ҳаёту муҳити зисти одамон фараҳу зебоӣ ато менамояд. Боиси зикр аст, ки бо талошҳои роҳбарияти вилоят гулпарварӣ рушду нумӯъ меёбад ва дар вилоят танҳо дар баҳори имсола беш аз 400 ҳазор бех гулҳои мухталифи ороишӣ парвариш карда шуданд.Дар мулоқот бо сокинони шаҳр Раиси вилоят суханронӣ намуда, натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар 4 моҳи соли равон таҳлилу баррасӣ кард.
Райиси вилояти Суғд вазъи соҳаҳои саноат, андоз, маорифу тандурустӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ ва барқро таҳлил намуда, аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр изҳори нигаронӣ кард. Зеро дар соҳаи саноат теъдоди кормандон кам гардида, музди миёнаи меҳнат нисбатан паст мебошад.Яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби сокинони шаҳр ин нарасидани оби нӯшокӣ мебошад. Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |