Ба иттилои манбаъ бо вуҷуди арзонишавӣ нархҳои мавҷуда дар муқоиса бо нархҳо дар моҳи майи соли гузашта ду фоиз қимматтар мебошад. Хабарнигори Озодагон зимни боздид аз бозори яклухти фурӯши шакар дар пойтахт муайян кард, ки нархи халтаи 50 килоии шакари Покистон 240 сомонӣ, шакари Эрон 250 сомонӣ ва шакари Русия 260 сомониро ташкил медиҳад.
Таҳлилгарони иқтисодӣ бо ишора ба фарорасии мавсими тайёр намудани шарбатҳо изҳор медоранд, ки дар ояндаи наздик шакарфурӯшҳо метавонанд аз талаботи зиёд сӯйистифода карда, нархи шакарро баландтар кунанд.
Дар маҷмӯъ дар бозори ҷаҳонӣ дар назар аст, ки нархи шакар минбаъд ҳам поён равад. Коршиносони Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид ба далели ҳосили интизории хуб дар Бразилия, ки калонтарин истеҳсолкунандаи шакар аст, арзонишавии минбаъдаи онро пешгӯӣ мекунанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |