Ба иттилои манбаъ айни ҳол нархи гӯшти гов дар кишвар, аз ҷумла дар пойтахт ба ҳисоби миёна 30 сомонию 75 дирам нарх дорад. Нархи гӯшти гӯсфанд дар давоми як моҳи охир 9 фоиз қиммат шуда дар шаҳри Душанбе ба 31 сомонию 60 дирам баробар аст.
Дар муқоиса бо нархҳои моҳи майи соли гузашта гӯшти гов 46,4 фоиз қиммат шудааст.
Гӯшти гӯсфанд дар муқоиса бо моҳи майи соли 2012, 43,5 фоиз гарон гардидаст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои оморӣ давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон 9,1 фоиз зиёд гардида, 24 ҳазор тоннаро ташкил намудаст. Тибқи меъёрҳои бозор бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва пешниҳоди мол дар бозор нархи он бояд коҳиш ёбад, ки дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад ва баръакси ҳол сурат гирифта истодааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |