Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷиат барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ филми мустанадеро бо номи «Пеш аз сафар бидон» рӯи навор овардааст.
Аз хадамоти мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин филм барои ҷилавгирӣ аз хатарҳое таҳия шудааст, ки маъмулан муҳоҷирони корӣ дар хориҷа рӯ ба рӯ мешаванд. Гуфта мешвад, филми мазкур ҳамчунин барои дастрас намудани маводи иттилоотӣ оид ба тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти корӣ ва будубош дар хориҷи кишвар пебинӣ шудааст: «Аз ин хотир ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират фитаи филми мазкурро барои пахш намудан тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон ирсол намуд, ки сирф масъалаҳои ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷиронро дар бар мегирад».
Мӯҳр