Бо иттиҳоми аз ваколатҳои мансабӣ истифода кардан, сармуҳосиби маркази саломатии беморхонаи марказии ноҳияи Тавилдараро боздошт кардаанд.
Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки Фармон Мирзоеви 47 сола ҳангоми тақсим намудани мавод барои зимистонгузаронӣ, яъне гармдиҳӣ ба бунгоҳҳои тибии дар ихтиёри маркази саломатӣ буда, аз маводи сӯзишвории салярка 11,9 литр ва аз ангиштсанг 6,410 кило ба маблағи умумӣ 3653 сомониро азони худ намуда, ба бунгоҳҳои тиббӣ надодааст.
Айни замон нисбати ин ҳодиса павандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр