Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мехоҳад дар донишгоҳҳои кишвар ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон ва умуман шаҳрвандон забони хориҷӣ ва касбу ихтисосҳои лозимар омӯзиш диҳад.
Тавре аз хадамоти мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, баъд аз таҳия ва тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои муштараки Хадамоти муҳоҷират ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар соли 2012 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши 3-моҳа ва 6 моҳа аз рӯи ихтисосҳои “кафшергари газию барқӣ”,“сартарош”, “дӯзанда”, “қаннод”, “ронанда”, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда мешавад. Манбаъ афзуд: «Ба шунавандагон баъди хатми курсҳо, шаҳодатнома дар бораи касби интихобгардида ва сертификат оид ба омӯзиши забонҳо супорида мешавад. Хатмкунандагоне, ки бо муваффақият имтиҳонҳоро месупоранд, бо дастгирӣ ва мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо кор таъмин мегарданд».
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба Комиссияи қабули ДДОТ ва Хадамоти муҳоҷират бо телефонҳои:
919-86-10-59,
918-79-99-81,
934-68-35-50,
95-195-29-71,
224-75-08,
93-583-50-18,
225-05-92
ва инчунин бо нишони шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ-121 муроҷиат намоянд.
Мӯҳр