Дар иртибот ба 20-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе бунёди боғи «Сакура» дар назар аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, алъон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 250 адад ниҳоли 2-метраи сакура, ки 4 намудро дар бар мегиранд, ба Душанбе равона кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ин навъи растанӣ гули машҳури миллии ҷопонӣ буда, ҳар баҳор вақти шукуфтани он мардуми Ҷопон ба тамошои сакура (ҳанамӣ) мебароянд. Ҳанамӣ – анъанаи ҷопонии муҳаббат ба гул аст. Рӯзи шукуфтани сакура ҳамчун рӯзи аввали баҳор ҷашн гирифта мешавад. Гули сакура ранги сафед ё гулобӣ дорад. Сакура рамзи зебоии табиат буда, ифодагари ҷавонӣ ва зебогии зан мебошад. Нақши гули сакура дар рӯи тангаи 100 йенаи Ҷопон низ тасвир ёфтааст.
Ҳамзамон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 3 навъи дарахти зардолуро аз Тоҷикистон ба Ҷопон ворид намудааст. Дарахтҳои зардолу дар яке аз префектураҳои он кишвар шинонда шудаанд.
Мӯҳр