Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар дар толори бонки «Арванд» чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуд.
Дар он зиёда аз панҷоҳ нафар фаъолзанони вилоят иштирок намуданд. Дар оғоз роҳбари дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ Наимҷон Назаров аз номи Кумиҷроия ва раиси он Даврон Зоҳидов бонувонро ба муносибати иди дар пеш истодаашон табрику таҳният гуфт. Баъдан, аз ҷониби бонувон мавзӯи мақоми зан дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан, Биҳоҷал Раҳимова, Мунаввара Дадобоева, Шоира Қосимова, Шуҷоат Ҳасанова, Моҳрӯ Қосимова, Санавбар Нуруллоева андешаҳои ҷолиб баён карда, ҳамзамон фикри худро доир ба ислоҳ кардани баъзе камбудиҳо гуфтанд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи вилоятӣ Ӯғулой Умаралиева ба якчанд саволҳо вобаста ба соҳаи маориф ва фаъолияти ҳизбӣ ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Мӯҳр