Кормандони АНМН дар охири моҳи феврал якчанд кӯшиши паҳнсозии ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Тавре ба «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни як силсила амалиётҳои фаврӣ дар маҷмӯъ чор кило маводи нашъаовар мусодира гардид, ки зиёда аз 3 килои онро канабис ва 1 килои боқимондаро ҳероин ташкил медиҳад: «Дар иртибот ба ин ду нафар сокинони кишвар дастгир карда шуданд.Чунончӣ, дар натиҷаи роҳандозии амалиёти опреативӣ-ҷустуҷӯӣ дар пойтахти кишвар як сокини 25-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо 5 баста дастгир карда шуд, ки лабораторияи ташхиси судии агентӣ наздик ба 3 кило каннабис будани онро тайид кард».
Ҳамзамон, амалиёти дигарро кормандони Шӯъбаи навтаъсиси ноҳияи Мурғоби раёсати агентӣ дар ВМКБ анҷом доданд. Як сокини 32-солаи ҳамин ноҳия дар роҳи автомобилгарди Хоруғ - Мурғоб дастгир шуда, аз ӯ дар бастае 1 кило ҳероин кашф ва мусодира намуданд. Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр