Бахшҳо

Додгоҳ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро бегуноҳ эълон кард

Баҳси додгоҳии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо  бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба нафъи судшаванда анҷом ёфт.


Дар ин бора, ҷониби даъвогар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зимни як тамоси телефонӣ  ба хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Номбурда гуфт: «Он чиро, ки мо интизор будем, ҳамон шуд, яъне ба Саидмукаррам ҳукми сафед элон карданд».   
Манбаъ афзуд, додгоҳ ҳукм кард, ки аслан он калимаҳое, ки зидди мо дар қарори Шӯрои уламо аз 6-уми декабр буд, эшон ҳеч алоқае ба он надоштааст ва ин калимаҳо гӯё бо ибтикори ӯ нашуда бошад: «Хулоса, шоҳидон дигар гап гуфтанду мо имрӯз дигар гапҳоро шунидем, мутаасифона мо наметавонем ба додгоҳ чизе бигӯем».
Дар мавриди шикоят ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бошад, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, барои ин чанд марҳилаи судиро ин ҷо бояд пушти сар кунем ва баъдан метавон рӯйи ин ҳарф зад.
Ёдрас менамоем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)