Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон дар Тоҷикистон идома дорад.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ бо мақсади пешгирии саривақтӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ аз зарароварӣ ва хатари зиёдшавии малахҳо амалиёти густарда ба роҳ монда шудааст. Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳамзамон дар маъракаи мубориза бар зидди малах зиёда аз 3476 нафар қувваи корӣ иштирок намуда, аз 66 адад трактори дорупошии тамғаи ОВХ ва дастгоҳи аэрозолӣ, 1822 адад дорупошакҳои махсуси дастӣ истифода мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» эълом дошт, ки то санаи 20-уми май паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ масоҳати 12.5247 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 99.373 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронда шудааст.