Дар маҳаллаи Истиқлоли ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ зуд-зуд қатъ мегардад.
Як сокини ин русто бо исми Фирдавс Арабов ба хабаргузории «Озодагон» дар тамос шуда аз қатъи нерӯи барқ ба мӯҳлати тӯлонӣ дар маҳаллаашон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, муддати чанд вақт боз аз соати 9-и саҳар то 3-и нисфирӯзӣ қатъ мегардад ва касе барои ҳалли ин мушкилот садо баланд намекунад. Арабов афзуд, на танҳо дар хонаи мо, балки дар тамоми маҳалла дар ҳамин вақту соат барқ хомӯш мешавад ва касе сабаби инро намедонад. Дар ҳамин ҳол, Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» аз қатъ гардидани нерӯи барқ дар ин маҳалла изҳори беиттилоӣ карда афзуд, сабабҳои маҳдудшавии интиқоли барқро фардо мушаххас хоҳам кард.
Мӯҳр