Дар Ҷидда вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу доир гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, дипломатии тоҷик ба ҷаноби Эҳсоноғлу паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамтои афғонистонии ӯ Залмай Расулро барои иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тақдим кард.
Дар навбати худ, Дабири кулли СҲИ изҳори сипос карда, афзуд, ки ӯ саъй хоҳад намуд, то дар кори Ҳамойиш ширкат варзад.
Зимнан, дар ин шаҳр мулоқоти сафири тоҷик бо райиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ барпо шуд. Юлдошев ба номбурда низ паёми даъватии ВКХ-и Тоҷикистону Афғонистонро ҷиҳати ширкат дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) супурд.
Мӯҳр