Олимхон Маҳмудов, директори Маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, шумораи сагони дайду дар ҳудуди ноҳия, ба хусус дар маркази шаҳрак зиёд шудааст:
«Агарчӣ мунтазам онҳоро нест мекунем, вале боз ҳам шахсони номаълум аз деҳоти атроф сагу сагбачаҳои зиёдеро оварда, дар кӯчаҳои маркази ноҳия мепартоянд. Сагони дайдуву бесоҳибмонда, баъзан ба одамон ҳуҷум карда, захмин мекунанд. Соли гузашта зиёда аз 180 нафар аз сокинон баъди газидани ин сагҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд».
Аммо аҷибтар он аст, ки сагони зиёди дайдуи гирифтори бемории хоришак дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳия ҷамъ гаштаанд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳамин муддат 8 тан аз сокинон гирифтори бемории хоришак гаштаву ба беморхона муроҷиат кардаанд.
Маҳмудов мегӯяд, дар назди идораи коммуналӣ як гурӯҳи махсуси зиди сагони дайду, ки ду нафар коргар дорад, фаъолият мекунад. Бо истифода аз заҳрдору, ҳамин гурӯҳ ҳамарӯза ба «шикори» ин сагон мебарояд. Вале бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам ин мушкил ҳали худро намеёбад».
Гуфта мешавад, мушкили сагони дайду ва хатари онҳо барои одамон дар ҳамаи навоҳии минтақа ба мушоҳида мерасад. Дар як нишасти матбуотӣ Мирзоалӣ Миралиев, сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб низ аз ин пайомад изҳори нигаронӣ намуд. Вале шумораи осебдидагон аз сагони дайдуро дақиқан нишон надода, танҳо гуфт, ки соли гузашта назар ба соле пештар 128 нафар зиёд дар мавриди осебу захмин гаштан аз газидани сагҳо муроҷиат кардаанд.
Мӯҳр