Ин миқдор маблағ дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби раёсати аудити дохилии вазорати молияи кишвар ошкор гардидааст.Бино ба иттилои Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи кишвар дар умум раёсати аудити дохилӣ ғайримақсаднок истифода кардани 11,4 млн сомониро ошкор кардааст.
Манбаъ афзуд, дар соли 2010 раёсати аудити дохилӣ дар асоси гузаронидани корҳои ислоҳӣ ғайримақсаднок истифода гардидани 4,7 млн сомониро ба қайд гирифта буд.
Маврид ба ёдоварист, ин раёсат дар соли 2009 аз ҷониби вазорат барои назорати харҷи буҷаи давлатӣ таъсис ёфтааст. Фаъолияти аслии ин раёсат, маъмулан барои назорат аз болои мақомоти давлатии маориф, тандурустӣ, кишварзӣ ва меҳнатӣ равона шудааст. Сафаралӣ Наҷмуддинов мегӯяд, асосан маблағҳои буҷаи давлатӣ аз ҷониби чаҳор мақомоти зикршуда ғайримақсаднок истифода мешавад.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |