Сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Олмон бо вакили махсус оид ба масъалаҳои Афғонистон ва Покистони ҳукумати Олмон Михаэл Штайнер муштаракан мулоқот анҷом доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ Имомуддин Сатторов ва Абдул Раҳмон Ашраф зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба лоиҳаҳои барномаҳо ва рӯзномаи Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки гузаронидани он дар таърихи 26-27 марти соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ карданд.
Мусоҳибон эътимоди худро дар он баён карданд, ки гузаронидани Конфронси зикргардида дар қатори Конфронсҳо оид ба Афғонистон, ки дар Истанбул ва Бонн баргузор гашта буданд, ҳамчун як раванди иҷтимоӣ-иқтисодии барқарор кардани Афғонистон ва олоти босамари ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳое, ки аҳамияти умумиминтақавӣ доранд, ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар Берлин мулоқотҳои Имомуддин Сатторов бо сафири Дания дар Олмон Пер Поулсен-Хансен ва сафири Шветсия Штаффан Карлссон баргузор гаштанд, ки зимни онҳо масъалаҳо дар мавзӯи Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ва иштироки намояндагони ин кишварҳо дар Конфронси зикргардида баррасӣ шуданд.
Мӯҳр