Нисбати қазияи садамаи нақлиётии Фарҳод Абдуллоев, писари райиси Додгоҳи Олӣ ва Фирдавс Шарифов, фарзанди Изатулло Шарифов, сардори раёсати корҳои ислоҳӣ санҷиши ҳамаҷониба гузаронида шудааст.
Дар ин бора Муҳаммади Абдуқодир, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе (10-уми январ) иброз дошт. Номбурда гуфт, дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам аз ҷониби ҷабрдидагон қойидаи ҳаракат дар роҳ риоя нашудааст.
Ҳамзамон, муовини аввали прокурори генералӣ афзуд, ин ду нафар (фарзандони ду мансабдор) агар қонунро вайрон мекарданд, албатта ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд: «Сониҳаи нақлиётӣ ҳодисаи тасодуфӣ буда, новобаста ба хоҳиши одам ба амал меояд».
Ёдрас менамоем, Фарҳод Абдуллоев, писари райиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрели соли 2011 савори мошини гаронарзиши тамғаи «BMW Х6» Люг Жеун, корманди 46-солаи як ширкати роҳсозии чинро пахш кард, ки ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Фирдавс Шарифови 26-сола, писари Изатулло Шарифов, сардори раёсати корҳои ислоҳӣ бошад, бо мошини шахсии "Лексус-300"-аш се нафарро пахш кард, ки онҳо дар сониҳаи мазкур ҷон ба саломат бурданд.
Мӯҳр