Исми Солеҳҷон Шарипов на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шинохта аст.
Вале шояд иштибоҳ намекунем, бигӯем, ки маҳз дар Тоҷикистон шинохти камтаре, дар бораи ӯ дошта бошанд. Ҳатто пайвандонаш, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондааанд, иқроранд, ки дар бораи қаҳрамони мо шинохти камтаре доранд.
Илёс Раҷабов, яке аз наздикони ӯст, ки мегӯяд, ӯ пушти панҷуми ин авлод ба ҳисоб меравад.
Райиси маҳаллаи шаҳри Ӯротеппа Ҳомидов Ҳоҷирустам низ мегӯяд, кӯшишҳояш барои пайдо кардани ақрабҳои кайҳонаварди тоҷик бесамар анҷом ёфтааст.
- "Ман маротибаҳои зиёд ба қишлоқи Қурғонча низ рафтам, чун шунида будам, ки наздикони Шарипов он ҷоянд, вале мутаассифона касеро пайдо накардам. Як хешҳояшон будаааст, ба наздикӣ аз дунё даргузаштааст".
Солеҳҷон Шарипов, шаш сол қабл ба муддати 193 шабонарӯз байрақи Тоҷикистонро ба фазо бурд. Дар бораи миллияти ин шахсияти шинохта то ҳанӯз баҳсҳо зиёданд.
Иттилои бештарро аз ин ҷо пайдо мекунед:
https://www.ozodagon.com/s/item/16112
Мӯҳр