Рақобатпазирӣ дар иқтисод. Тоҷикистон ду “қадам” ба қафо рафтааст
Тоҷикистон дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирӣ барои солҳои 2017-2018 мавқеашро ду зина аз даст додааст.
Дар ин рейтинг, ки имрӯз, 27 сентябр нашр шуд, Тоҷикистон миёни 137 кишвар мақоми 79-ро муаррифӣ мекунад. Ин дар ҳолест ки соли 2016 Тоҷикистон дар мақоми 77, соли 2015 дар зинаи 80 ва соли 2014 дар мақоми 91 нишаста буд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол Қазоқистон дар зинаи 57 ва Қирғизистон дар ҷойи 111 қарор гирифтаанд. Номи Узбакистон ва Туркманистон дар раддабандӣ нишон дода нашудааст.
Миёни кишварҳое, ки иқтисодашон рақобатпазиртарин ба шумор меравад, Швейтсария ном бурда мешавад. Ин кишвар соли нуҳум аст, ки дар садри рейтинг қарор дорад. Ҷойи дуюмро ИМА ва зинаи сеюмро Сингапур ишғол карданд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) натоиҷи мазкурро бар асоси баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо аз рӯи 12 бахш -- сифати муассисаҳо, инфрасохтор, суботи макроиқтисодӣ, тандурустӣ ва таълими ибтидоӣ, таълим ва тарбия олӣ, самаранокии молҳо ва хизматрасонии бозор, самаранокии бозори меҳнат, рушди бозори молиявӣ, рушди технологӣ, ҳаҷми бозори дохилӣ, рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтидори инноватсионӣ таҳия мекунад. Раддабандӣ аз соли 1979 аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) гузаронида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |