Бахшҳо
08 сен 2017 09:17Тоҷикистон / Тема дня

Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмону Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар

Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳурони Тоҷикистону Туркия афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гуруҳҳои иртиҷоӣ дар Ракхайнро қотеъона маҳкум карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар суҳбати телефонии Раҳмону Эрдуғон, ки 7 сентябр сурат гирифтааст, ҷонибҳо “аз вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянмар ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд”.

Манбаъ мегӯяд, ду раисҷумҳур ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Дар пайи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Мянмар садҳо нафар, бо шумули занону кӯдакони мусалмон бераҳмона кушта шуда, ҳазорҳо тани дигар маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд. Қабилаи мусалмон дар Мянмар, ки асосан мардумаш бутпарастанд, шаҳрвандии ин кишварро надоранд ва пайваста озору шиканҷа мешаванд.
Мӯҳр
хозир
Фармондеҳи артиши Қувваҳои мусаллаҳи Мянма гуфт, ки "мо ҳоло корро анҷом медиҳем, ки соли 1942 анҷом дода натавонистем".
Мувофиқи гузориши созмонҳои ғайриҳукуматӣ, наслкушии Араканс ба дараҷаи аз ҳад зиёд расид. Гузоришҳо мегӯянд, ки ба ғайр аз таҷовуз ба номус, шиканҷа, қаллобӣ, боздоштгоҳҳои худсарона, гирифтани замин ва тамаркузи комил аз муҳит, стратегияи дарозмуддати наслкуши истифода мешавад. Ҳуҷҷатҳои пинаконии ҳукумат низ нишон медиҳанд, ки нақшаи "нобудшавии оммавӣ" дар сатҳи олӣ омода шудааст. Режим ва фашистҳои бутпараст кӯшиш мекунанд, ки Роҳинаро нобуд кунанд. Мутаассифона, дар ин ҷиноят гунаҳкорӣ ба назар мерасад. Тақвияти геноград дар марҳила истифода мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз дахолати самаранок дар ин раванд даст кашида, нақшаи харобшавии онҳоро дастгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҷангиёни озод дар Аракан мегӯянд: «Мо дар марҳилаи охирини пеш аз зӯроварӣ ҳастем, мо бояд аҳолии худро муҳофизат кунем».
Русия ва Чин доимо амалҳои Шӯрои Амниятро оид Мянма дастгирӣ намекунанд ва вето мегузоранд, чунки бо Мянма созишномаи таъминоти силох доранд Гайр аз ин дар вилояти(штати) Раҳин, порт ва системаи қубурҳои нафту газ барои таҳвилгарони гидротехникӣ ба Чин сохта шудаанд. Хотиррасон намоям, ки ин хат ба Чин тавассути Рахин ва Шан меравад, равшантар мегардад, ки чаро Раҳин дар давоми чанд соли охир ба наслкуши гирифтор шуда истодааст.

ali
хозир,
Боракаллох бародар асли гапро гуфти

Муслим
Ачоиб домани худ кандаву ба домани дигаркас механдем ё ба истилохи дигар худ чи кардем ки ба дигаре чи карди мегуем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)