Созиши Душанбе ва Остона барои ҳамкорӣ дар соҳаи дин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз ҳамкориҳо бо Қазоқистон дар умури динӣ ҳимоят кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистонро тасдиқ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи динро муваззаф намудааст, ки санади мазкурро бо ҳамтоёни қазоқистонӣ ба имзо расонад.
Дар санад таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориҳо дар умури динро таҳким бахшида, дар сиёсати давлатӣ дар умури дин табодули таҷрибаро роҳандозӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |