Бахшҳо
31 июл 2017 11:23Ҳуқуқи инсон

Бештар ҷавонони 18 то 30-сола ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд

Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб як сокини 24- солаи ноҳияи Ҳамадониро бо иттиҳоми узвият дар равияи “Салафия”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон равонаи зиндон кард, ва аз 25-майи соли 2017 нисбаташ ҳукм қабул намуд.

Кабиров Нодир Қодирович, соли таваллудаш 1993, миллаташ тоҷик, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳраки Москва, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, омӯзгори Литсей касбии техники ноҳияи мазкур мебошад.

Номбурда бо моддаҳои 307, (3) қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2017 сол дар ҳабс қарор дорад. Тавре Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳангоми суҳбат ба мо гуфт, “Кабиров Нодир, дидаву дониста 3 декабри соли 2016 дар ҳудуди деҳаи Анҷиркони ҷамоати деҳоти Панҷруди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ақидаву хурофотҳои дини равияи “Салафия” бархурдор шуда, аз хотироти телефони мобилии сокини ҳамин ноҳия Валиев Азалшо Устоевич, китоби электронии “Дастури роҳи рост”, муаллифаш Ҳоҷӣ Абдуҷалил Юсуфиро бо истифода аз барномаи “Shareit” ба хотироти телефони мобили тамғаи “ТЕХЕТ” гузаронда, ба фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистӣ-ифротгароии равияи дини “Салафия” пайравӣ кардааст”.

Ба иттилои манбаъ, равияи динии “Салафия” дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун равияи террористӣ “ифротгароӣ” дониста шуда, 8 январи соли 2009 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст. Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 равияи динии “Салафия”-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи экстремисти ифротгароӣ эътироф ва сомонаҳои интернетии он чун воситаҳои ахборӣ омма баста шудааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26 аз 22.02.2017 иқтибосҳои дар ташхис аз китоби “Дастури роҳи рост” овардашудаи мазкур фикру ақидаҳои мансуб ба равияи ифротгароӣ “Салафия” мебошад.

Ғайр аз ин, санаи 11 феврали соли 2017 дар натиҷаи аз назаргузаронии саҳифаи интернетии “Kabirov Hodir” дар сомонаи иҷтимоӣ “одноклассникӣ”, ки ба ӯ тааллуқ дорад, гурӯҳҳои “Ҳамеша ба ёди Аллоҳ”, “Ҷустуҷӯи илми Ислом...” сабтҳои видеоии “Пурсиш ва посух”, порча аз барномаи “Висоли ҳақ” вобаста ба масъалаи “…куштори шиа ҳалол аст…”, пайдо шуд, ки дар он саволу ҷавоб мешавад.

Ба ҳамин монанд, Давлатов Зоир Мирхонович, соли таваллудаш 1987 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ш. Шоҳин (собиқ Шӯрообод), оиладор соҳиби ду фарзанди хурдсол аз 8 феврали соли 2017 дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Номбурда бо моддаҳои 307 прим - 3 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шомил шудан ба равияи “Салафия” муттаҳам мешавад.

Судшаванда Давлатов З.М. илова намудааст, ки ӯ ба ягон равияи дини ғайриқонуни шомил нест ва равияи “Салафия”-ро медонад, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аъзо ҳам нест ва намедонад, ки он чӣ маъно дорад ва кадом ҳолатҳои дини исломро рад мекунад. Давлатов З.М. тобистони соли 2015 дар хонаи падар ва модари ҳамсараш Давлатова Миҷгона, Сафаров Дилшод ва Сайдуллоева Шарафнисо Достиевна, воқеъ дар деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин ба сохтмон ба монанди бунёд кардани девор машғул шуда, бар ивази корҳои сохтмонии иҷро кардааш, моҳи январи соли 2016 аз апаи ҳамсараш Давлатова Миҷгона ва Парвина Дилшодовна, телефони мобилии “Самсунг-дуос”-ро гирифтааст. Баъди дастрас шудани телефони мобилӣ номбурда 5 сентябри соли 2016 дар вақти набудани модарарусаш Сайфуллоева Шарафнисо аз телефони мобилии ӯ тамғаи “Хуавей” дар деҳаи болозикршуда китоби электронии дини “Дастури роҳи рост” муаллифаш Ҳоҷи Абдуҷалил Юсуфиро гузарондааст. Судшаванда Давлатов З.М. дар мурофиаи судӣ худашро қисман гунаҳгор шуморида, нишондод додааст, ки баъди хатми мактаби миёна соли 2005 ба факултаи менеҷменти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 хатм намудааст. Ӯ гуфтааст, ҳангоми гузаронидани китоби “Дастури роҳи рост” фикр кардааст, ки ин китобҳои динӣ буда, хонданашон мумкин аст. Аз сабаби он ки намедонист китоби “Дастури роҳи рост” чи гуна китоб аст ва ба кадом равия дохил мешавад, надониста онро хондааст ва худро қисман гунаҳгор мешуморад.

Зимнан, як гуруҳи иборат аз намояндаҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб, ВКД ва КДАМ бо имомхатибони масҷидҳои шаҳри Кӯлоб, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳои маҳал ва волидоне, ки фарзандонашон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд, вохӯрӣ доир гардид. Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мақсади вохӯриро пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористидошта арзёбӣ намуд. Маҷидова дар идомаи суҳбаташ аз падару модарон, устодон даъват ба амал овард, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ва ба камол расонанд. С.Мирализода, масъули ВКД зимни суханронии худ, нигарони аз он намуд, ки бештари ҷавононе, ки аз вилояти Хатлон ба шаҳрҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ рафтаанд, ҷавонони синни 18 то 30-сола мебошанд. Ҳатто баъзеашон бо зану фарзандони худ рафтаанд.

Дар назар аст, чунин вохӯрию суҳбатҳо дар дигар шаҳру навоҳи вилояти Хатлон низ гузаронда шавад.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)