“Beeline” барои тарбиятгирандаҳои мактаби хусусӣ барои маълулон компютер тақдим кард
Ширкати “Beeline” ба тарбиятгирандаҳои мактаби хусусӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд -- “Боварӣ ба фардо” компютерҳо туҳфа кардааст. Дар ин бора аз ин ширкат хабар доданд.
Ҷаббор Қаюмов, иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати “Beeline” дар Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҳар ятимхона бояд Интернет бошад: “Зеро ин захираи тавонои таълимӣ, метавонад роҳнамои воқеӣ дар ҳаёт бошад. Интернет қодир аст, ки касб диҳад. Насли имрӯзаи IT-мутахассисон аз имкониятҳои компютер ва интернет, ки ба онҳо медиҳад, илҳом мегиранд”.
Ба гуфтаи роҳбари муассисаи “Боварӣ ба фардо” мегӯяд, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтар ба тарбиятгирандагони маъюб, дар муассиса гуруҳҳои хурд, мисли оилаҳои серфарзанд иборат аз 8-10 нафар таъсис шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар муассиса ба маълумотнок кардани тарбиятгирнадаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад: “Ҳамаи кӯдакон, ба истиснои фарзандони сини томактабӣ дар мактабҳои миёна таҳсил мекунанд. Акнун синфхонаи компютерии мо муҷаҳҳаз шуд ва кӯдакон метавонанд донишҳои компютерӣ бигиранд. Ҳоло дар ҷаҳон истифодаи компютерҳо маҳорати асосӣ ба ҳисоб меравад ва ман бисёр хурсандам, ки ширкати “Beeline” ба мо шароит фароҳам овард, то донишҳои компютериро ба тарбиятгирандагон биомӯзем”.
Ширкати “Beeline” мегӯяд, ин нахустин кумак ба соҳаи маорифи Тоҷикистон набуда, ширкат аз соли 2013 дар доираи барномаи иҷтимоӣ ба таъмин кардани технологияи компютерӣ ва таҷҳизоти интернет ба муассисаҳои амалкунанда машғул аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |