Бахшҳо
27 июл 2017 10:25Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” ва “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” бо ҳузури Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар расми шурӯи корҳои сохтмони ду роҳи мошингард иштирок кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” шинос шудааст. Манбаъ мегӯяд, замони татбиқи лоиҳа иншоотҳои асосии техникӣ, аз ҷумла 34 километр роҳи паҳноиаш 8 метр, 87 иншоот, қубурҳои оҳанубетонии обгузари қутрашон аз 1 то 4 метра, 1 купрук бо дарозии 120 метр, корҳои соҳилмустаҳкмкунӣ ба масофаи 9,6 километр, сохтмони тумбадеворҳо ба масофаи 150 метри тулонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар сохтмони роҳ бояд 53,1 миллион сомонӣ сарф гардад: “Қад-қади ин роҳ 11 деҳа, 860 хоҷагӣ ва зиёда аз 6 000 аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Фармоишгари бунёди иншооти роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Мудирияти муассисаи давлатии корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёт ва дигар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ иҷро менамоянд”.

Президент ҳамчунин ба сохтмони роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардидааст. Дарозии ин роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии “Восеъ- Ховалинг” оғоз меёбад. “Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди “Восеъ-Ховалинг” ва маблағҳои грантӣ ин лоиҳа татбиқ мегардад”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас додааст: “Қайд шуд, ки дар доираи тибқи лоиҳа ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр дар болои рудхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд. Ин купрукҳо дар натиҷаи рафтуомади автомобилҳои боркаш ба навсозӣ ниёз пайдо намудаанд, ки баробари амалигардии пурраи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр рафъ мешавад. Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг”, ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст”.

Зимни муаррифии лоиҳа таъкид шудааст, ки муҳлати корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” 18 моҳро дар бар мегирад.
Мӯҳр
Салимшохбоз
Хабаре, ки талхаи мухолифинро мекафонад...даркор нест пахши хамин гуна хабархо..монед мухолифони давлатро асаби накунедд бечорахо худ дилсиёху дар ба дар хастанд..вакте хабархо хушро мешунаванд хисси нотавонбиниашон боло рафта азоби рухи мекашанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)