Издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо коҳиш ёфтааст
Дар шаш моҳи соли равон 49 шаҳрванди Тоҷикистон бо атбои хориҷӣ издивоҷ кардаанд. Ин нукта дар нишасти Вазорати адлия таъкид шуд.
Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия 26 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 30 адад камтар аст.
Ӯ дар идома гуфт, тоҷикистониҳо асосан бо шаҳрвандони Узбакистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Туркия издивоҷ мекунанд.
Ба омори Вазорати адлия шурӯъ аз аввали соли равон дар миқёси Тоҷикистон 28103 ақди никоҳ ба қайд расидааст: “Теъдоди бекор намудани ақди никоҳ дар ин давра ба 5 ҳазору 40 мерасад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |