Зани 23-сола мошинро чаппа кард: Ду нафар ҳалок ва як кас маҷруҳ шуд
Дар пайи як садама дар шимоли Тоҷикистон ду зан ба ҳалокат расида, як зани дигар захмӣ шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса баъд аз зуҳри 19 июл дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи “Опел-Астра” набаромада, онро чаппа мекунад: “Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда ва мусофири он зани 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашина зани 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, дар беморхона қарор дорад”.
Ба иттилои вазорат, ҳоло таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |