Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи санадҳои нодурусту ғайриқонунӣ
Дар нимсолаи аввали соли равон 28 санади судӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо далели нодурусту ғайриқонунӣ будан аз ҷониби марҳилаҳои болоии ин ниҳод бекор шудаанд.
Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 19 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, мизони санадҳое, ки аз ҷониби судҳои болоӣ бекор шудаанд, афзоиш ёфтааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар шашмоҳаи соли равон шумораи парвандаҳо низ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ зиёд ворид гардидаанд. Ба гуфтаи хонум Қаландарзода, дар нимсола аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 1430 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 167 адад зиёд мебошад.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қайд намуд, нисбати судяҳое, ки қарорҳои содирнамудаашон бекор шудаанд, чораҳо андешида мешавад. Аз ин пеш масъалаи афзоиши қарорҳои нодурусту ғайриқонунии додрасҳои кишвар аз забони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон садо дода буд. Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 17 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанб гуфт, дар 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби судяҳои кишвар 266 санади нодурусту ғайриқонунӣ содир шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Он замон ӯ иброз дошт, қарорҳои ғайриқонунӣ содиркардаи судяҳо аз ҷониби судҳои болоӣ бекор шуда, нисбати додрасҳо чораандешӣ шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён ин ҳолатро яке аз камбудиҳои мақомоти додгоҳии кишвар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |