Ҳалокати ҷавондухтар ҳангоми сӯзондани хонаи занбур
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як нохушӣ дар ноҳияи Қубодиён ҷавондухтари 19-сола ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои ВКД ҳодисаи маргбор 18-уми июл, тақрибан соати 12.30 дақиқа рух дод: “Ҷавондухтари 19-сола, сокини ҷамоати деҳоти Заркамари Қубодиён ҳангоми сӯзонидани хонаи занбурҳо беэҳтиётӣ кардааст ва дар натиҷа оташ ба либосҳояш часпидааст. Ҷабрдида дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
ВКД аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |