Сафири Амрико: Номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол ҳазф нашудааст
Сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, исми Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и Тоҷикистон, ки ба сафи гуруҳи террористии ба ном “давлати исломӣ” пайваст, аз рӯйхати афроди таҳти пайгарди пулиси байналмилал ё Интерпол ҳазф нашудааст.
Ахиран хабарҳое нашр шуд, ки номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Интерпол нопадид шудааст. Аммо Элизабет Миллард, сафири ИМА имрӯз, 19 июл дар нишасте зери унвони “Тамриноти низомӣ ба хотири ҳамкории минтақавӣ” дар Душанбе гуфт, исми Ҳалимов аз рӯйхати Интерпол берун нашуда, эҳтимол номи ӯ дар сомонаи мазкур дар феҳрасти дигар ҷиноятҳо навишта шудааст. Интерпол соли 2015 Гулмурод Ҳалимовро таҳти пайгард қарор дода буд.
Гулмурод Ҳалимов моҳи майи соли 2015, замоне, ки раҳбарии дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистонро бар уҳда дошт, тавассути як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар дод. Моҳи августи соли 2016 Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Аз замони ба ДИИШ пайвастани Ҳалимов то имрӯз дасти кам се маротиба хабари кушта шуданаш расонаӣ шудааст. Бори охир моҳи апрели соли 2017 маҷаллаи “Таймс” аз марги собиқ фармондеҳи “ОМОН” дар шаҳри Мосули Ироқ хабар дод. “Таймс” бо такя ба манобеяш дар мақомоти низомии Ироқ навишт, вазири ҷанги созмони террористии “ДИИШ”, Гулмурод Ҳалимов дар пайи зарбаи ҳавоӣ дар қисмати ғарбии Мосул кушта шуд.
Гулмурод Ҳалимов хатмкардаи Академияи ВКД-и Тоҷикистон буда, дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст. Дар нишасти “Тамриноти низомӣ ба хотири ҳамкории минтақавӣ” аз Гай Зироу, иҷрокунандаи директори фармондеҳии марказии Амрико пурсида шуд, ки полковники тоҷик дар гузашта дар давраҳои омӯзишии Амрико ширкат карда буд, оё ҷониби ИМА сари ин масоил фикр намекунад? Ҷаноби Зироу гуфт, аслан бояд кишварҳое, ки низомиёнашонро ба тамринҳо мефиристанд, сари ин масъала фикр кунанд. Он кишварҳо бояд дар интихоби шахсоне, ки ба машқҳо фиристода мешаванд, андеша намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |