Бахшҳо
18 июл 2017 14:43Тоҷикистон / Сиёсат

А.Ғоиб дар бораи “пулкоркунӣ”-и гумрукчиён: Шароитҳои пешина нест... (ВИДЕО)

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, сиёсати кадрӣ, далели зиёд будани довталабони кор дар гумрук, маоши кормандон ва сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши кормандони тобеяшро шарҳ дод.

А.Ғоиб имрӯз, 18-уми июл, дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, “Сару садо аз рӯи мошинҳою хонаҳои кормандони гумрук ҷой дорад. Инро ҳама медонанд, ҳеч вақт хонаю мошинро дар киса пинҳон карда намешавад. Чӣ хел гӯям, ин ба инсофу виҷдони ҳамон коргар вобаста аст, ки то ҳозир кор кардааст. Он шароитҳое, ки дар кормандони гумрук пеш буд, ҳозир нест. Ҳозир аксар вақт кормандон ариза навишта, аз мақомот рафта истодаанд. Ба тиҷорат мераванд, ин ҳолатҳо ҳам бисёр аст”.

Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид намуд, ки баъди Рустами Эмомалӣ ӯ таҷрибаи тариқи озмун ба кор қабул кардани кормандони гумрукро идома дод: “Аллакай маротибаи дуюм аст, ки ба кор тариқи озмун қабул мекунем. Маротибаи дуюм барои 39 ҷой зиёда аз 800 нафар ҳуҷҷат супорид. Аз ин 285 нафар аллакай аз қисмати якум, санҷиши тестиро гузашт. Боз суҳбат мешавад. Ба нафароне бартарӣ медиҳем, ки аз рӯи ихтиссос, иқтисодчӣ ё ҳуқуқшинос таҷрибаи корӣ дошта бошад, хизмати модар ватанро иҷро карда бошад ва забонҳоро донад”.



Сардори Хадамоти гумрук афзуд, маоши кормандони гумрук аз дигар ниҳодҳо фарқ мекунад: “Ба ҳисоби миёна маоши лейтенанти ҷавон, ки нав ба кор омадааст, то 800 сомонӣ мебошад. Вақте дар Хадамоти гумрук, ё раёсатҳои минтақавӣ нақша иҷро мешавад, кормандон ҳақ доранд, як маоши вазифавии дигар ҳамчун мукофотпулӣ гиранд”.

Ӯ бо таассуф изҳор дошт, ки давоми ду соли охир Хадамоти гумрук нақшаро иҷро накард, аммо кормандони раёсатҳое, ки аз уҳдаи иҷрои нақша баромадаанд, аз имтиёзи мукофотпулӣ бархӯрдор мебошанд.
Мӯҳр
6
800 сомонӣ минус андозхо =барои 2 хафта обеду рахпули.

Чаноби гумрукчи 3000 % зиёд шудани содироти меваи хушки Киргизистонро ба Русиё дар соле, ки хосили мева на он кадар хуб Буд, чи гуна шарх медода бошад?

Ошики таги пориса
Ачоиб Гумрукро план мебанданд?Гумрук замини пахта нест,ки чигит коранду интизор шпванд,ки нихолхои пахта кад мнкашанду хосилро мешинанду планро ичро менамоянд.Хамин одам шахси хуб аст,номуси милли дорад,.Лекин Зайд Саидовро но хз как шинонд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)