Вазир гуфт, аз Исроил барои табобат ба Тоҷикистон меоянд
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди беморон аз хориҷ, ки ба ҷарроҳони тоҷик муроҷиат мекунанд, майли афзоиш дорад.
Олимзода, имрӯз, 12-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ахиран ба Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон ду шаҳрванди Исроил муроҷиат карданд ва бо табобат фаро гирифта шуданд.
Ба гуфтаи вазир то ҳол зиёда аз 30 шаҳрванди хориҷӣ, аз Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба табибони тоҷик муроҷиат кардаанд.
Ӯ зикр кард, ки моҳи июни соли равон барои бори аввал дар таърихи тибби минтақаи Осиёи Марказӣ 2 ҷарроҳии пайвандсозии мағзи устухон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд. Вазири тандурустӣ далели таваҷҷуҳи зиёди беморонро ба пайвандсозии узвҳо дар Тоҷикистон ба нархҳои арзон рабт дод.
Ба иттилои вазир то ҳол дар маҷмуъ дар кишвар ба 306 нафар гурда ва ба 19 нафар ҷигар пайванд шудааст: “Тайи нимсолаи аввали соли равон ба 36 бемор ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом дода шудааст. Донорҳо асосан хешу табори беморон мебошанд”.
Ҳакими Даврон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |