Мизони таваллуд дар Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон дар мақоми аввал
Мизони таваллуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сад соли ахир як маротиба коҳиш ёфтааст. Нишондиҳандаи аз ҳама баландро Тоҷикистон доштааст.
Торнамои сa-news.org, бо такя ба таҳқиқоти Созмони миллали муттаҳид менависад, ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ба як зан 3,5 кӯдак рост меояд. Мақоми охир насиби Узбакистон аст: 2,4 тифли навзод ба як зан. Дар Қирғизистон ба ҳисоби миёна ба як кӯдак 3,1, дар Туркманистон 3 ва дар Қазоқистон 2,7 тифл рост меояд: “Дар маҷмӯъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як зан се кӯдаки навзод рост меояд”.
Ин дар ҳоле ки дар Аврупо ба як зан 1,5 кӯдак рост меояд. Ин пасттарин нишондиҳанда унвон шудааст. Коршиносон ҳадс мезананд, ки то охири асри 21 барои инсоният ба ҳисоби миёна ду тифл ба як зан меъёр хоҳад шуд. Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |