Ронандаи мусофиркаши №8 ба мусофир ва нозири хатсайр: Ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред
Як мусофири хатсайри №8-и шаҳри Душанбе аз талаби роҳкирои бештар ва муносибати ноҷои ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ шикоят дорад.
Исфандиёр Носиров, як ҷавони тоҷик мегӯяд, субҳи имрӯз, 11 июл мехост аз тариқи мусофиркаши № 8 (рақами қайди давлатиаш 4444 ТТ 05) аз маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт то назди мағозаи маъруф ба “СУМ” биравад, вале ронанда бо ин далел, ки 2 сомонӣ пешниҳод накард, ӯро аз мошин берун кард. Ин дар ҳолест, ки арзиши роҳкиро аз “Зарафшон” то Фурӯшгоҳи марказӣ ё ҳамон “СУМ” 80 дирам мебошад. Исфандиёр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “Ман ба ронанда 1 сомонӣ дароз кардам, яъне аз нархи муқарраршуда 20 дирам бештар. Бо вуҷуд, ронанда гуфт, ки агар ду сомонӣ надиҳӣ, фаро. Ин дар ҳоле ки ҳаррӯз то назди мағозаи “СУМ” бо 80 дирам мерафтем”.
Исфандиёр Носиров афзуд, вақте ронанда барои берун шуданаш исрор кард, дар назди мошин бо як нозири хатсайри №8-ро дид ва ба ӯ шикоят бурд: “Аммо ронанда ҳатто ба гапи нозири хатсайр гӯш надод. Вақте нозир ба ронанда фаҳмонд, ки бо мусофирон чунин муносибат накунед ва онҳо метавонанд аз болоятон шикоят кунанд, ӯ бо як лаҳни дағал гуфт, ки “ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред”.
Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз талаби роҳкирои бештар аз ҷониби ронандаҳо ва муносибати дағали онҳо шикоят мекунанд. Дар гузашта дар пайи шикояти бархе мусофирон ва нашри он дар хабаргузории “Озодагон” чанде аз ронандаҳо муҷозот шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |