Вазорати маориф дар бораи омори ҷинояти ноболиғон
Ба омори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон давоми панҷ моҳи соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 304 ҷиноят содир гаштааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 54 ҳолат ва ё 15,0 дар сад кам будааст.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм имрӯз, 10 июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин нишондиҳанда дар соли 2016 -- 358 ҳолатро ташкил медод. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси таҳлилҳо, зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст - 131 ҳолат. Ин рақам нисбат ба соли гузашта (97) 34 ҳолат ва ё 35% зиёд мебошад. Оқои Саид афзуд, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохила нақша чорабиниҳо таҳия карда шуда, амалӣ гаштани он зери назорат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |