С.Сафаров: Баъзе гуруҳҳо аз пашша фил месозанд
Сайфулло Сафаров, ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, “пропаганда”-е, ки зиддифасод роҳандозӣ шудааст, бар зарари ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 10 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт.
Ҷаноби Сафаров дар посух ба суоли “чаро боздошти масъулини Оҷонсии мубориза бо коррупсия расман шарҳ дода намешавад” гуфт, “дар ин масъала воҳима кардан лозим нест”. Ба қавли ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, агар нишон додани кори як ниҳод, маслан, ниҳоди мубориза бо фасод ё мубориза алайҳи экстремизм як худнамоӣ бошад, “оқибат ба дигар шудани тафаккури мардум нисбат ба сиёсати давлат оварда мерасонад. Русҳо “педалировать ” мегӯянд, агар як масъаларо зер кардан гирем, масалан чӣ масъалаи риш, сатр ва ё дигар масъалаҳоро оқибаташ бисёр бад аст”.
Сайфулло Сафаров дар робита ба сару садоҳо перомуни боздоштҳои ахири кормандони Оҷонсии зидди коррупия гуфт, “баъзе гуруҳҳое ҳастанд, ки аз пашша фил месозанд. Аввал дидан даркор, ки ҳамин одамон дар ҳақиқат ҳастанд ё на”.
Қаблан расонаҳо аз боздошти 17 корманди феълӣ ва собиқӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар хабар доданд. Миёни боздоштшудаҳо исми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси агентӣ ва Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони ин ниҳод ҳам ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |