Юсуф Раҳмон мубориза бо худнамоиҳоро пурзӯр мекунад
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон прокурорҳои кишварро муваззаф намудааст, ки мубориза бо вайронкунандаҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро пурзӯр намоянд.
Тибқи иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон ин масъала 6-уми июл дар ҳузури роҳбарони Кумитаи дин, ВКД, БДА ва дигар сохторҳои давлатӣ баррасӣ гардид.
Манбаъ афзуд, то ҳол дар пайи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо 163 пешниҳод ва 60 амр ирсол гардида, ба санадҳои ғайриқонунӣ 12 эътироз оварда, 204 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон илова намуд, ки бо мақсади пурзӯр намудани назорати иҷрои қонун, баланд бардоштани масъулияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар кишвар гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда бо ҷалби шахсони мутасаддии Кумита оид ба корҳои дин, Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати бозраси давлатии автомобилии созмон дода шуд: “Дар рафти маҷлис роҳбарияти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва дигар баромадкунандагон ба ҳама паҳлуҳои масъалаҳои баррасишаванда баҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута вазифаҳои мушаххас гузошта шуд”.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худнамоӣ ва исрофкориҳои бархе аз мақомдорони тоҷик интиқод намуда, дастур дода буд, ки мубориза бо ин зуҳурот пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |