Ашраф Ғанӣ ба Душанбе расид
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон субҳи имрӯз, 6 июл бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Муҳаммад Ашраф Ғаниро Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири кишвар ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон ва Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони КАСА-1000 баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |