2 “шабехун”-и маргбори қочоқбарони афғон дар 1 шаб
Қочоқбарони мусаллаҳи афғон шаби 3-юми июл талош кардаанд, ки якбора аз ду нуқта вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд.
Тибқи иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пайи задухӯрди мусаллаҳона ду қочоқбари афғон аз тири марзбонҳои тоҷик ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ афзуд, яке аз задухӯрдҳо шаби 3-юми июл, соати 23:30 дар Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” рух дод: “Қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд ва байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқчиёни 30-35 солаи шахсияташон номаълум ва маводҳои мухаддири навъи чарс 4 килло, афюн 1 килло, як адад телефони мобилӣ ва як адад корди шикорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Ба иттилои Улуғхоҷаев задухӯрди дар Отряди сарҳадии “Панҷ” ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷаи задухӯрд қочоқбарони афғон ақибнишинӣ намуда, ба ҷониби Афғонистон фирор намудаанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тахминан 16 килло маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |