Ҷасади судиҷрочии ноҳияи Восеъ аз дарёи Сурхоб пайдо шудааст
Ҷасади Наҷмиддин Садриддинови 36-сола судиҷрочии калони ноҳияи Восеъро аз дарёи Сурхоб дар ҳудуди рустои Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд.
Асомиддин Садриддинов, бародари марҳум дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, Наҷмиддин аз рӯзи 29 июн бедарак шуд ва ӯ ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ муроҷиат кард. Як манбаъ аз ШКД хабар дод, ки баъди муроҷиати Садриддинов, гуруҳи фаврӣ ташкил шуда, соатҳои 17:00-и рӯзи 30 июн мошини Наҷмиддинро аз наздикии дарёи Сурхоб пайдо кардаанд: “Бо кумаки сокинони ноҳия баъзе қисматҳои обро аз назар гузаронидем. Бо гузашти андак вақт ҷасадро аз даруни об пайдо намудем”.
Аз маркази судӣ-тиббии минтақаи Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, дар бадани Наҷмиддин Садриддинов аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо нашудааст. Ба фарзияи тафтишот ӯ дар пайи оббозӣ ғарқ шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, судиҷрочии калони ноҳияи Восеъ дар лаби дарё танҳо набудааст: “Ҳамроҳи ӯ як хонум ҳам қарор доштааст, ки баъди ғарқ шудани вай аз тарс фирор мекунад. Ин зан рӯзи 1 июл шиносоӣ шудааст”.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |