Наҷоти духтари 16-сола ва ҷавони 18-сола аз “Баҳри тоҷик”
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз наҷоти боз ду нафар аз ғарқшавӣ дар “Баҳри Тоҷик” хабар дод.
Шаҳзода Бутаева, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ду нафарро ҷумъаи 30 июн наҷот додаанд: “Тақрибан соатҳои 14:46 дар мавзеи осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон духтари 16-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи оббозӣ набаромада, ғарқ мешавад: “Навбатдорони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Ситоди вилоят сари вақт ӯро аз об наҷот медиҳанд”.
Хонум Бутаева афзуд, соатҳои 16:00 наҷотдиҳандаҳо як сокини 18-солаи шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Суъангӯи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз ҳаммаи сокинон ва меҳмонон даъват намуд, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд, бе надонистани қоидаҳои дурусти оббозӣ ва ҳангоми мастиву сархушӣ вориди об нагарданд. Вай дар идома аз падару модарон аз калонсолон, аз мураббиву муаллимон, хоҳиш кард, кӯдакони худро беназорат нагузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |