Бахшҳо

Қарори ҳукумат барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба “Роғун”

Маҷлиси намояндагони Тоҷикиситон, имрӯз, 21-уми июн лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ба муомилоти байналмилалӣ пешниҳод намудани коғазҳои қиматнокро ба тасвиб расонд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмуъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст. Ноиби вазири молия гуфт, ин нахустин таҷрибаи Тоҷикистон барои ба бозори байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматнок мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумони Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳадаф аз пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба бозори байналмилалӣ ҷалби маблағҳо ба сохтмони “Роғун” мебошад. Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ин иқдом ягон “риск” дорад, Раҳимзода гуфт, бале ва “риск” дар афзоиши қарзҳои Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди ҷанбаи мусбати иқдоми мазкур Раҳимзода гуфт, бо ҷалби маблағҳо истеҳсоли нерӯ зиёд мешавад ва имкони содироти он фароҳам мегардад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди беш аз 300 метрӣ дар назар аст, ки калонтарин НБО дар минтақа шавад. 1 июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, ки аввалин чархаҳои неругоҳ соли 2018 ба кор медароянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон охири октябри соли гузашта дар расми бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соҳили дарёи Вахш шахсан иштирок намуда буд.
Мӯҳр
Носкаш
Илтимос ягон харидор ебен мн сахмияхома кутара савдо кунм. Сахмияхома савдо кунм ки зиндагим руз ба руз гарени шидестай

Такдири он когазхое, ки бо рохи "ихтиёри" дар дохил бо номи "сахмия" пахн шуда буд, чи мешад? Ин "когазхои кимматнок" хам номаш сахмия аст ё чизи дигар? Ин чо чандин саволхои дигар ба Хукумати хирадманди мо пайдо мешавад, лекин яктоаш асоси аст- карори МН хаст, ки НБО-и сохташавандаи Рогун моликияти давлати мемонад, пас инвесторхои хоричи дар кадом асос чалб мешаванду нисбати ин неругох чи хукукхоро сохиб мегарданд?

Роғунро худамон сохта натавонистем боз? боз ба дигар кишварҳо муҳтоҷ шудем ё ин ки қоғазҳои қиматноки худамонро ба пул иваз мекунем ё ин ки ҳамонҳоро пул месозем?

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон не, балки раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)