Агентӣ раиси хоҷагии ниҳолпарвариро дар гирифтани пора муттаҳам медонад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Фахриддин Очилдиев, раиси хоҷагии ниҳолпарварии Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар хабар додааст.
Ӯ дар гирифтани 39 ҳазор сомонӣ ба сифати пора муттаҳам мешавад. Боздошти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, Очилдиев дар пайи шикояти “С” сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, Фахриддин Очилдиев барои ба номи модари “С” ҳуҷҷатгузорӣ намудани чойхонаи хоҷагии Бӯстонқалъа “бо роҳи фиреб 16000 сомонӣ талаб карда, гирифта, овардани 2300 сомонии дигарро талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ-тафтишотӣ Очилдиев Фахриддин Ғиёсович дар утоқи кориаш баъди аз шаҳрванд “С” гирифтани 2300 сомонӣ дастгир карда шуд”.
Дафтари матбуотии Агентӣ мегӯяд, нисбати Очилдиев бар пояи моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ “бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |