Иршод СУЛАЙМОНӢ
Имсол ҳам дар дар моҳи Рамазон мавзӯи рақами аввали расонаҳо ва даҳони мардум боло рафтани нархи наво дар бозорҳои кишвар аст. Дар “ҷигар”-и тобистон картошкаву сабзӣ ва помидорро бо қиммате мехарем, ки бисёр баланд аст. Ин ҳам дар кишваре, ки даъво дорем, аграрист. Агар ҳоли як кишвари аграрӣ ин аст, пас...
Ва ин ҳама дар ҳоле ки шаҳрдори Душанбе супориш дода буд, ки нагузоранд нархи коло боло биравад. Дар пайи иҷро карда натавонистани дастури шаҳрдор мудирони ду бозори Душанбе – “Деҳқон” ва “Шоҳмансур” барканор шуданд. Оё ҳамин василаи танзими нархҳо дуруст аст?
Посух ин аст, ки не. Ман албатта мегӯям, ки иқтисоддон нестам ва вазъи иқтисодии кишварро дурусту илмӣ ташхис додан наметавонам, аммо барои ин ҳама сардаргумии кишвари моро бармалло кардан бисёр муҳим ҳам нест, ки иқтисоддони варзида бошӣ. Вале гумон мекунам, ки барои танзими нархи коло ва муътадил кардани маводи ниёзи аввалияи мардум ҳукумат бояд пеш аз ҳама даст ба ин корҳо бизанад:
Ба вуҷуд овардани муҳити солими тиҷорат. Барои ин пеш аз ҳама муҳим аст, ки иқтисод ва тиҷорат ғайрисиёсӣ гардонида шавад ва тиҷоратҳои бузург аз инҳисор (монополия)-и афрод ва гуруҳҳои пурнуфуз берун карда шаванд. Дар ҳукумат ҳама медонанд, ки монополисти тиҷорати гӯшт, орд, шакар, равған ва шириниву қандалот кист? Бояд ба инҳо фишор овард, ки иқтисодро аз чанголи носерамияшон раҳо кунанд. Маслан ҳамин инҳисори фурӯши маводи сӯхт (бензину керосину дигару дигар) чӣ қадар бадбахтиҳо барои мо овардааст. Ё дар инҳисори доираҳои пурнуфуз будани фурӯши тикет (чипта)-и ҳавопаймоҳо чӣ қадар ба боло рафтани нархи маҳсулот сабаб мешаванд.
Ғайрисиёсӣ кардани иқтисод ва тиҷорат ин маъноро дорад, ки бояд тиҷоратро аз чангол ва нуфузи сиёсатмадорону мансабдорон раҳо кард. Бояд ҳукумат аз ин тасаввур ва тафаккур даст кашад, ки тиҷоратро низ дар контроли худ дошта бошад ва фазои рақобатро ба таври воқеӣ таъмин накунад. Чун то имрӯз ин шеваи контрол кардани иқтисоду тиҷорат танҳо ба зарари рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон тамом шудааст. Зеро дахолати сиёсӣ ба иқтисод онро маҳв мекунад ва дар ҳеч сурат имкон намедиҳад, ки рақобат ва ё фазои рақобат ба вуҷуд биояд. Яке аз сабабҳои асосии рушд накардани иқтисод ва тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамин монополистҳои пурнуфуз ва сиёсатмадор мебошанд. Мо имрӯз ҳатто мансабдороне дорем, ки як соат ба утоқи корияшон меоянду тамоми рӯз мустақиман дар қароргоҳҳои тиҷоратияшон мебошанд. Ҳол он ки қонун машғул шудани мансабдоронро ба тиҷорат манъ мекунад;
Додани сабукӣ ва имтиёзоти давлатӣ ба соҳибкорон. Бо роҳҳои сиёсӣ ва маъмурӣ поин бурдани қиммати коло ва маҳсулоти ниёзи аввал агарчи дар кӯтоҳмуддат имконпазир аст, аммо дуруст нест. Зеро ин табобат кардани дард не, балки масдуд кардани дард аст. Ҳукумат бояд ба баъзе соҳибкорон ва ё соҳибкорони ҳирфаие, ки маҳсулоти мавриди назарро савдо мекунанд, сабукӣ ва имтиёз бидиҳад. Барои мисол бонкҳои давлатӣ бояд қарзҳоро бо дарсадии паст бидиҳанд ё дар давраҳои буҳрониву фавқуллода ин гуруҳҳи соҳибкоронро аз супоридани андоз ва дигар “боҷу хироҷ”-и давлатӣ озод намоянд. Масалан қисми зиёди маҳсулот ба бозорҳои Душанбе аз вилояти Суғд оварда мешаванд ва ё ҳамчунин маҳсулоте аз Душанбеву ҷанубу шарқи кишвар ба вилояти Суғд интиқол дода мешаванд. Ҳукумат бояд як бор фикр кунад, ки ширкати пулчинаки IRS дар чанд постгоҳи пуличине, ки дорад чӣ миқдор маблағ аз инҳо меситонад. Магар имкон надорад, ки дар чунин даврони буҳронӣ ин ширкат барои муваққат аз чунин соҳибкорон пул нагирад?!
Чӣ гуна имкон дорад нархҳо танзим шаванд, дар ҳоле ки бештар аз 18 ниҳоди тафтишгари соҳибкорон ва тиҷорат вуҷуд дораду ҳар яке “дасти тамаъ” дароз мекунанд. Оё имкон надорад, ки ҳукумат тиҷоратро аз қабзаи ин “бюрократия”-и нолозим раҳо кунад?!
Шеваи бозордорӣ тағйир дода шавад. Агар ҳар соат мудирони бозорҳоро барканор кунем ҳам, имкон надорад, ки нархҳо танзим шаванд. Зеро шеваи имрӯзи фаъолияти бозорҳои мо, ки танҳо ҷойи фурӯшро ба соҳибкорон медиҳанду аз онҳо “боҷу хироҷ” меситонанд, чандон дуруст нест. Худи бозорҳо дар ихтиёри худ ширкатҳои кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) надоранд ва дар замонҳои “осоишта” бо ин гуна ширкатҳо шартнома намебанданд, ки дар ихтиёр худ захираии кофии маҳсулотро нигоҳ бидоранд ва дар чунин ҳолатҳои буҳронӣ пешниҳод намоянд. Дар бозорҳои Душанбе соат ба соат қиммати маҳсулот тағйир меёбад. Агар маҳсулот ба бозор бештар ворид шуд арзонтар, вале агар баъди як соат камтар шуд, қиммат болотар ва агар талаботи мардум бештар шуд, боз болотар бурда мешавад. Яъне мудирияти дуруст дар бозорҳо зарур аст. Бояд мудирони кордон ва муосир, ки “функсионер” набошанду воқеан набзи бозорро эҳсос кунанд, таъин шаванд, то чорасозӣ кунанд;
Иродаи қотеъ. То замоне соҳибкорон ва тоҷирон бовар ҳосил накунанд, ки ҳукумат дар роҳи мубориза бо гаронфурӯшӣ ва ё бозингарони пасипардагии бозорҳо самимӣ нест ва иродаи қотеъ надорад, онҳо ҳам аз худ самимият нишон намедиҳанд. Агар дастуру амри ҳукуматдорон танҳо барои намоишкорӣ бошад дар асл бо омилҳои боло рафтани нархи наво мубориза накунад, пас дар роҳи танзими нарх умедвори беҳбудие шудан мантиқ надорад. Кор бо ташкил кардани комиссияҳо ҳал намешавад, зеро комиссияҳо замоне ташкил мешаванд, ки омилу сабабҳои мушкилот муайяну мушаххас набошанд. Дар ҳоле ки омилҳои боло рафтани нархи наво шиносоӣ шудаанд ва маълуманд, кумиссиюн неву ирода зарур аст.
Таҳлили авзоъ. Оё чораҳоеро, ки ҳукумат меандешад ҳосили таҳлили ниҳодҳои масъул аст? Оё таҳлили дуруст аз вазъ вуҷуд дорад? Оё ҳолат шинохта шудааст? Пештар сабаби боло рафтани нархи картошка баста будани нуқтаи транзитӣ дар марзи Покистону Афғонистон гуфта мешуд. Вале ин нуқта боз шуду аммо нарх поин нарафт. Чаро картошка аз Покистон бо ин ҳам дарозии роҳу “боҷу хироҷ”-и гумрукӣ дар дохили ду давлат, аз нархи картошкае, ки аз Масчоҳу Ҷиргатол оварда мешавад арзонтар аст? Чаро себи чиниву покистонӣ аз себи Ванҷ арзонтар аст? Боре ба ин савол посух додаем? Дар иқтисоду тиҷорат танҳо инсофи савдогару соҳибкор матраҳ нест... Танҳо масъала бо насиҳату таънаву маломат задан бар новатандӯстиву номусалмонӣ ҳал намешавад.
Ҳоло бибинем муборизаи ҳукумат бо нархи наво бо чӣ меанҷомад?
PS. Асоситарин унсури боло рафтани қиммати коло ин аст, ки савдогарон медонанд мардум маҷбуранд маҳсулотро бихаранд. Ҳоло вазъ ба ҳадде омадааст, ки ин маҷбуриро пинҳон кардан намешавад.