Ҳамлаи ноболиғони мусаллаҳ бо корд ба мағоза дар Ваҳдат
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ноболиғон ва ҷавонон хабар дод, ки дар қасди роҳзании мусаллаҳона айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба идораи милиса дар Ваҳдат соҳибкори 60-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 21-уми майи соли 2017, тахминан соати 10:00-дақиқа шахсони номаълум вориди дуконаш шудаанд: “Онҳо бо таҳдиди корди дар дасташон буда, ҳамёнашро, ки дар дохилаш 30 ҳазор сомонӣ доштааст, хостаанд тасарруф намоянд. Аммо бо сабабҳои номаълум аз фикрашон гашта, ягон чизро нагирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манбаъ афзуд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ муттаҳамон - чор ҷавони 16, 17, 19, ва 21-сола, сокинони шаҳри Ваҳдат дастгир гардиданд: “Аз онҳо далели шайъӣ корд гирифта шуд. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |