Ғаффоров ба генерал: Чаро роҳкирои барзиёду сарбории нақлиётро нодида мегиред?
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 17 май дар парлумон дар ҳузури генерал Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ масъалаи барзиёд гирифтани роҳкиро ва аз меъёр зиёд савор кардани мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён гузошт.
Ғаффоров аз Абдураҳмон Аламшозода, ки барои шарҳи тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба парлумон омада буд, хост, мушкили надодани 40 дирам бақияи мусофирон ва сарборӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи ин вакили парлумон танҳо дар 11 моҳи соли гузашат нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ба 113 ҳазор мусофир хидмат расондааст ва 40 дирамии мусофирон, ки баргардонда намешавад, дар маҷмуъ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.
Дар посух Аламшозода масъалаи роҳкирои барзиёдро масъулияти Хадамотҳои махсуси танзимкунандаи соҳаи нақлиёт хонд.
Ба қисмати дигари суоли Ғаффоров, ки мусофирбарҳо ба ҷои 10 нафар 12 мусофирро савор мекунанду кормандони БДА дидаю дониста масъаларо сарфи назар мекунанд, муовини якуми вазири умури дохилӣ гуфт: “Дар мавриди аз шумораи муқарраршуда зиёд савор кардан, даҳҳо ҳазор қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин хусус ҳамарӯза фаъолият аст, ба танзим дароварда истодаем”.
Дар мавриди тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ин лоиҳа бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Тоҷикистон, қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар таҳия шуда, мафҳуми «воситаи нақлиёт» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |