Устоев хостааст, барои сарват ба Сурия биравад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Олим Устоевро барои қасди ҷиноят ва зархаридӣ гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи маводи парванда Устоев ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба доми аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ бо тахаллусҳои Фурқон Фаластин, Абу Довуд, Абу Усома, Абубакри Муваҳид, Алишери Хуросон ва дигарон афтодааст. Мубаллиғини “ДИИШ” ӯро бовар кунондаанд, ки дар пайи пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» соҳиби молу сарват мешавад.
Олим Устоев зимни мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки омода будаст, ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвандад, вале 8-уми июли соли 2016 ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар манзили муваққатии зисташ дастгир намуда, 23 июл ба Тоҷикистон интиқол доданд. Ӯ дар суд гуноҳашро пурра иқрор карда, аз додрас хостааст, нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |