Бахшҳо

Фасоди бузург: иродаи сиёсӣ ва суолҳои бепосух

Иршод Сулаймонӣ

Яке аз муваффақтарин раҳбарони пирӯз бар фасод ё коррупсия пешвои ислоҳотгари Сингопур Ли Куан Ю гуфта буд, ки дар роҳи нест кардани фасод шарти асосӣ вуҷуди иродаи қотеъи сиёсӣ аст. Ҳоло ки дар кишвар хабарҳои нимарасмие дар мавриди боздошти мансабдорони баландпояе бо маблағҳову дороиҳои ҳангуфт 1 милюну 35 милюндолларӣ расонаӣ мешаванд, сару садоҳо дар бораи қотеъияти мубориза бо фасод ҳам шунида мешавад. Дар воқеъ таҷрибаи Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод ва ташкили ниҳоди вижае ҳам дар ин росто нишон дод, ки набуди иродаи қотеъи сиёсӣ боис ба рушди фасод шудааст. Акнун, ки мансабдорони баландрутбаву баландмақоми Оҷонсии мубориза бо фасод бо миллионҳо дуллор ва хонаву дороиҳои сершуморе боздошт мешаванд (ин ҳодисаҳоро то кунун мақомот таъйид накардаанд) ба назар мерасад, ки гӯиё ирода ва истротежии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо фасод тағйир кардааст. Вале дар ин росто суолҳои зиёди бепосухе вуҷуд дорад.

Суоли аввал:

Чаро то кунун ниҳодҳои давлатӣ ҳозир намешаванд ин ҳодисаҳоро барои мардуми кишвар аз тариқи расонаҳо шарҳ бидиҳанд. Агар ҳамин гуна амалиётро ниҳодҳои давлатӣ баргузор кардаанд ва агар чунин мансабдороне бо ин қадар хисороти бузург дар кишвар мансабдорӣ кардаанд, магар мардуми кишвар ҳақ надоранд, ки онҳоро бидонанд?! Мардуме, ки ин ниҳодҳову ин мансабдрон дороиву сарвати онҳоро ғорат кардаанд? Оё ин хомӯшшии аз ҳад зиёд ҳисоботдеҳ будани давлатро назди мардум зери савол намебарад? Оё ин хомӯшӣ сарусадоҳои ғайрирасмӣ дар бораи бозӣ ва ё иваз шудани қоидаҳои бозиро таъйид намекунад? Ё то ниҳояти ин амалёт мардум интизор бимонад ва бибинад, ки дар саргаҳи ин “қуллаи мурод” кӣ истод будааст?

Суоли дувум:

Чаро ба воқеият ва ҷиддияти ин ҳаводис, ки амалкарди бесобиқае мебошад, расонаҳои минтақа, пеш аз ҳама расонаҳои ҳангомабарангези русӣ таваҷҷуҳе намекунанд? Оё онҳо ба мантиқи ин амалкард шакк доранд? Ё дар ҳаққиқат онҳо дарк кардаанд, ки “ба корҳои дихили кишвари дигар” дахолат намекунанд? Ба ҳар ҳол ин сукути онҳо суолбарангез аст. Бошад, ки ба хайри мо бошад.

Суоли сеюм:

Агар аз хонаи худу модару бародари ҳар мансабдори сатҳи миёна ин қадар дороиву сарват ва маболиғ пайдо шавад, аз хонаву таҳхонаву суратҳисоби мансабдорони баландтар чӣ миқдор дарёфт мешуда бошад? Милюнҳо ба милярд ва килоҳо ба тонна табдил мешаванд?

Дар ҳар сурат ин боздошту ошкор карданҳо агар воқеият дошта бошанд ва ҳузури “муборак”-и фарзандону пайвандони мансабдорони калидӣ дар ғорат кардани мардум таъйид шавад, пас бидуни баҳс мешавад хулоса кард, ки киҳо будаанд сабаби бадбахтии мардуму Тоҷикистон! Дар ҳоле, ки барои сохтани неругоҳи “Роғун” давлат маҷбур шуд аз мардуми бе ин ҳам ндорои худ талаби пул кунад, инҳо дар хонаву таҳхонаи худ дороиву сарвати кишварро пинҳон кардаанд. Инҳо будаанд сабаби “стагнатсия”-и Тоҷикистон.

Вале суоли аз ҳама асосӣ ин аст, ки бо шуруъи ин гуна амалкардҳо мо метавонем ба зуҳури як иродаи нави сиёсӣ дар роҳи решакан кардани фасод умед бандем. Агар посух “бале” ҳаст, пас кори бузурге оғоз шудааст. Аммо дар сурати посух “не” будан ҳам, улгуйи дигари пирӯз шудан бар фасод вуҷуд надорад, ило иродаи қотеъ.

Ин корҳои оғозшуда агар иродатмандона ва содиқона бошанд, пас ин афсонаро, ки мубориза бо фасод коре ношуданӣ аст, бепоя мекунад. Ба мардум итминон медиҳад, ки дар воқеъ ҳукумат зарфияти аз байн бурдани фасод ва фасодкоронро доштааст. Бояд, ки ин зарфиятҳоро истифода кунад.

Ли Куан Ю ҳам навишта буд, ки замоне онҳо ҷанг бо фасодро шуруъ карданд, мардум механдиданд, ки ин як намоишкории беҳунарона аст, зеро дар Осиё фасод ҷузъе аз фарҳанги мардум аст ва пирӯз шудан бар он ғайримумкин мебошад. Ли Куан Ю дар оғози мубориза бо фасод як андешаи таърихиро тарҳ карда буд: “Агар инсон ришвахори решаӣ бошад, умед кардан ба он ки бо баланд кардани маошаш тозакор мешавад, буҳуда аст”. Ин андеша барои имрӯзи Тоҷикистон ҳам бисёр хос мебошад. Зеро мо шоҳид шудем, мардуме, ки барои тоза кардани фасод истихдом шуданд худ ба фасодкорони бузург табдил ёфтанд. Ба гуфти ислоҳотгари сингопурӣ “онҳоро бо комилан иваз кардани тамоми хуни баданашон ҳам намешавад дигар кард”.

Ли Куан Ю гуфта буд, ки «агар мардуми дар қудратбуда натавонад барои мардуми дигар намунаи ибрат шаванд, мубориза бо фасод номумкин аст». Ҳол бибинем, ки Тоҷикистон дар Осиё метавонад Сингопури нав шавад ё ҳамоно Тоҷикистон боқӣ мемонад?
Мӯҳр
Як гуптемда
Устод Иршод хамеша бехтарин ва дарди чомеаро мегуи. Як чахон ташаккур.

Офарин ба КДАМ ва Роҳбари ин Кумита Муҳтарам Саидмумин Ятимов ҳазорон ҳазор офарин бандро то охираш кашед Шуммо тавоноед Иншоалоҳ мардумро аз ин вабо халос мекунед ман ояндаро нав дурахшон мебинам акнун сармояро омаданашро тамошо кунед мо ба муҳоҷират дигар намеравем ба мо муҳоҷират меоянд дар паҳлуи Пешвои Миллат бошед Муҳтарам Ятимов Шумо дар Тоҷикистон ней дар ҷаҳон ҳозир ном баровардаистодаед решаашро бо кислота сузонедки мардум халос шаванд офарин

1
Хеле хушбини, дустам Иршод!
Дар 25 сол Ли Куан Ю Сингапурро аз ботлок ба шахр-давлати дидание мубаддал карда буд. Аммо дар мо дар 25 сол чи карданд, ки боз дар онядааш интизор шавем?

Хело бо чурати баланд.Иршод офарин
.Казияи мухочирони кушташудаи владимир обл. Фаромушт
Накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)