Вазири Чеченистон: “Полки абадӣ” хилофи Ислом нест
Ҷамбулат Умаров, вазири сиёсати миллӣ ва равобити хориҷии Чеченистон изҳор доштааст, ки роҳпаймоии “Полки абадӣ” мухолифате бо Ислом ва анъанаҳои динӣ надорад.
Умаров дар суҳбат бо расонаҳои Русия изҳор доштааст, ки роҳпаймоӣ бо акси иштирокдорони ҶБВ ва пос доштани хотири онҳо хилофи асли Ислом нест. Ӯ афзудааст, тасмими мақомоти тоҷик барои манъи роҳпаймоии “Полки абадӣ” на ба анъанаҳои динӣ, балки ба сиёсат рабт дорад. Умаров изҳор доштааст, ки дар роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар Грозний соли равон беш аз 8 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.
Ахиран хабаргузории давлатии “Ховар” дар мавриди иҷозат надодан ба “Полки абадӣ” иттилоъ дод, ки чунин иқдомҳо хилофи арзишҳои мазҳабии мо мебошанд: “Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад”.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин идома доштани ҷанг дар мавзеъҳои наздики сарҳади Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкон намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор шаванд.
Қаблан, эълон шуд, ки мақомоти шаҳри Душанбе бо далоили амниятӣ барои роҳпаймоии “Полки безавол”, ки қарор буд 9 май баргузор шавад, иҷозат надодаст.
Роҳпаймоии “Полки безавол” ҳамасола 9-уми май дар Рӯзи Ғалаба дар бархе аз кишварҳои шӯравӣ, аз ҷумла Русия баргузор мешавад. Дар ин маърака шаҳрвандон бо бардоштани акси наздиконашон, ки дар ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ мекунанд.
Дар изҳороти “Ховар” омадааст, дар ҳар кишвар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузории амалкунандаи ҳамон давлат доир карда мешавад. Нақшаи чорабиниҳо ва сенарияи баргузории паради ҳарбӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуда, доир ба аксияи “Полки безавол “иқдоме сурат нагирифта буд: “Он ташаббуси иттиҳодияҳои алоҳидаи ғайриҳукуматӣ мебошад”.
Дар идома таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони ҶБВ боқӣ мондаанд, ки “аксари онҳо маълулу барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд. Баровардани ветеранҳои ҶБВ ба кӯчаҳо ва ташкил кардани вохӯриҳо бо онҳо ғайриимкон мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |