Бахшҳо
24 апр 2017 12:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“ЧӣГап” аз Tcell яке аз беҳтарин тарҳҳо дар Excellence Awards эътироф шуд

Ширкати Tcell бо тарҳи вижаи худ “Коммуникатсияи ЧӣГап” ба сегонаи беҳтарин лоиҳаҳо дар ду номинатсияи бузургтарин ҷоизаи ҷаҳонии Excellence Awards роҳ ёфт!

Excellence Awards – ҷоизаест дар умури дастовардҳои ширкатҳои бузургтарин дар бахши коммуникатсия (PR, маркетинг ва реклама). Ҷоиза 5 қитъаи ҷаҳон (Африқо, Минтақаи Осиё ва уқёнуси ором, Аврупо, Амрикои Лотинӣ ва Амрикои Шимолӣ)-ро фаро мегирад.
Tcell имсол дар бахши ҷоизаҳои минтақаи Осиё-уқёнуси ором (Asian-PacificExcellence Awards), ки беш аз 2500 дархост равона шуда буд, номзад гардид. Тарҳи Tcell “Коммуникатсия дар тавсеаи барномаи ЧӣГап” дар баробари ширкатҳои маъруфе назири GlobeTelecom, Etisalat, PwC ва Baxter, яке аз беҳтаринҳо дар ду бахш – “Телекоммуникатсия” ва “Коммуникатсияи майдашабакавӣ” эълон шуд.

Нахустин барномаи мобилии тоҷикӣ барои гуфтугӯ “ЧӣГап” 13 апрели соли 2015 расман фаъол шуд. Чанд рӯз пештар аз шурӯи ин тарҳ ду сол пур гардид. “ЧӣГап” – барномаест, ки пули лозимро барои иртибот бо тамоми ҳамватанон, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, дар хориҷи кишвар таҳсил ё зиндагӣ мекунанд, фароҳам мекунад. Барномаи “ЧӣГап” ба миллион истифодабаранда имкон медиҳад, ҳамеша “онлайн” бошанд, бо ҳамдигар гуфтугӯи катбӣ, садоӣ ва видеоӣ намоянд. Махсусияти хоси барнома дар он аст, ки интерфейс бо забони тоҷикӣ ҳам коркард шудааст ва истифодаи онро барои ҳамватанон роҳат мегардонад. Ба сифати “смайлик” ва “рамзҳо” дар барнома рамзҳои миллӣ истифода мешаванд.

Давоми ду соли мавриди амал қарор гирифтани барнома он ҳамеша такмил ва беҳтар мешавад – дар он хизматрасониҳои нав, ки истифодабариашро осон мегардонанд, фаъол мегарданд.

Дар раванди баргузории ҷоиза ба истифодаи коммуниккатсия ҳангоми тавсеаи барнома таъкид шуд. Tcell аз шабакаҳои зиёди коммуникатсия монанди онлайн, оффлайн, дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз онро истифода кардааст. Шурӯъ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, ин барномаи Tcell ба онҳое, ки кишварро тарк намуданд, ёрӣ расонд, то бо хонаводаҳои худ ҳамеша дар иртибот бошанд. Дар 39 Маркази хизматрасонии муштариҳои ширкат дар тамоми қаламрави кишвар, гӯшаи махсуси “гӯшаи муҳоҷират” фаъол аст, ки одамон метавонанд маълумоти ҳуқуқӣ ва иттилои лозим дар бораи муҳоҷиратро пайдо кунанд ва ҳамчунин барномаи “ЧӣГап”-ро насб ва озмоиш кунанд. Дар чандин бузургшаҳрҳои Русия барои ҳамватанон бо иштироки ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон консертҳо баргузор шуд. Онҷо низ имкони дарёфти маълумот ва насби ин барнома мавҷуд буд.

Барои барномаи “ЧӣГап” ҷиҳати истифодаи муштариён сайти махсус сохта шуд - www.chigap.tj. То имрӯз барномаи мазкурро беш аз 300 000 маротиба ҳифз кардаанд.

Дар ҷоизаи Excellence Awards ширкатҳои ҷаҳоние монанди Samsung, Airbnb, FordMotor, WarnerBros. Pictures, Nestle, Procter&Gamble, Mastercard, SavetheChildren ва Visa ҳам иштирок доштанд. Ҳайати доварон аз шикартҳои Microsoft, L’Oréal, Telstra, Porsche, Sony ва UNICEF буданд.

Ин бори аввал нест, ки ширкати Tcell дар сатҳи ҷаҳонии маркетинг ва PR эътироф мешавад. Моҳҳо ноябр ва декабри соли 2016 лоиҳаи “Форумҳои боз” аз ширкати Tcell ду ҷоизаи байналмилалӣ дарёфт кард: “Беҳтарин чорабинии маърифатӣ”-и ҷоизаи EACA (Event Awards CentralAsia) ва “Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ”-и ҷоизаи GlobalEvent Awards. Он замон тарҳи “Форумҳои боз” миёни 84 лоиҳа аз 11 кишвар яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. Тарҳи “Интернет барои ҳама” бошад, соли 2016 дар номинатсияи “Беҳтарин чорабинии маркетингӣ”-и ҷоизаи EACA ҷойи намоёнро ишғол намуд.

Tcell – боз ҳам наздиктар!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)