Бахшҳо

Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад (ВИДЕО)

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки ахиран барои рафтори носазо ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохилӣ маҳрум шуд, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо -- “Grand-Prix Antalya 2017” мақоми дуввумро касб намуд.

Дар ин сабқат, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, Тоҷикистонро се паҳлавон -- Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин қисмат Магомед Магомедови русиягиро шикаст дод, аммо дар финал аз Алтанбагана Гантулга, паҳлавони муғул мағлуб шуд.

Хаёмиддин Ҷабборов дар дидори аввалаш Куштрим Гашӣ, паҳлавони косовагиро шикаст дод, аммо баъдан аз Тоҳар Бутбули турк ноком шуд. Саидҷалол Саидов аз даври аввали қувваозмоӣ озод буд, дар марҳилаи дувум аз паҳлавони рус Ниёз Илёсов шикаст хӯрд.

ҚУВВАОЗМОИИ КОМРОНШОҲ ДАР ФИНАЛИ “GRAND-PRIX ANTALYA 2017”



Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод. Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтароаз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвар маҳрум сохт.

Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад (ВИДЕО)

Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад (ВИДЕО)
Мӯҳр
Кориёгди
Ягон судяи точик агар довари мекард, Саидчалол хам чемпион мешуд.

Боз як мошини дигар ба Саидчалол Саидов додан даркор, ба Комроншохи Устопириён шидо. Бояд кайд кард, ки кувваозмоии ду пахлавонро на танхо доварон, балки тамоми халк, хам аз тарафи оинаи нилгун ва хам он нафароне, ки дар майдон иштирок доранд, тамошо мекунанд. Бинобар хамин "ДОВАРИРО ШЕВАИ ХАКУ АДОЛАТ ГУФТААНД". Камбудие, ки аз тарафи довари майдон рух дод на танхо ба мехнати варзишгар Комроншох, балки ба шавку рагбати хамаи мухлисони ин намуди варзиш таъсири манфи гузаронид. Ё ин маслихати пешакии довари болои гилем бо Саидчалол Саидов буд, ё ягон хисси бадбини нисбат ба варзишгар Комроншохи Устопириён.
Пас чаро дар паи ташкил намудани гурухи кории Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи барои беэхтироми ба Комроншох чазо таъин намуданд, вале барои довар, ки чунин беадолати нисбат ба варзишгар ва хамаи мухлисон намуд не?
Мардими шарифи точик хамавакт ба поки ва дурусти бовар доранд. Бинобар хамин аз хамаи доварони Чумхуриамон хохиш мекунем, ки хеч гох чунин хатогиро накунанд, мехнати варзишгарро кадр кунанд, завки тамошобинон ва мухлисони варзишро коста накунанд!

Номдор
Ахсан Устопириён Худо хамеша сарбаландад гардонад Худо кунад дар оянда бо медали тилло баргарди ва обруи Точикистон шави. Мо бинандагон дар майдони маркази кишвари худ аз ноадолатии доварон огохастем аммо Шумо бошен рухшикаста нашавед бозхам дар риштаи варзиш бошеду монед

Бернард Шоу
Офарин Комроншох ана ин аст обруйи худодод. Халки точик бо ту ифтихор мекунад. Ба махалгарли ва сийосати худбинона ва зургуиву точикбадбини хотима дихед ки ин падидахои номатлуб дар сах.таьрих нафратовар боки мемонад

Ин доварони баднафси моро танхо дар Точикистон гуш мекунанд, дар хорича бовар кунед чандин маротибае ки будам, дилам месухт, ки чаро касе доварони моро писанд намекунад??? Инро худи доварони мо дар Чашни Навруз ба тамоми халк нишон доданд.

Амин
Инро мегуянд пахлавон !

Тамошобини цирк
Дар ватанам дуюм чой шуд ва дао ончо хам дуюм чой шуд. Боз чи мефорад ба шумо?

мухлис
Вақте, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён муҷозот эълон кард, Ӯ мардонавор инро қабул кард ва узр ҳам пурсид. Ин дуруст аст. Акнун Кумитаи мардонавор дастоварди охирини Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириёнро ба инобат гирифта, муҷозотро пеш аз мӯҳлат бардорад. Чунин таҷриба дар олами варзиш вуҷуд дорад. Дар ин сурат ҳам мардонагии Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён исбот ва ҳам адолату шаффофияти кори масъулини варзиши кишвар дар чашми мардум барқарор хоҳад шуд. Зимнан, чунин таҷриба ба такрор мегӯям, ки дар давлатҳои мутаррақии олам роиҷу равост! Боз мехоҳам ёдовар шавам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо ягона касе, ки ба кишвар бонгу номи қаҳрамонӣ аз қораи Осиё овард, Комроншо буд!!!!!

умар
Бале комроншох хак бар сохибаш расид

Зарафшони
Бобои КомронШОХ, БА КАВЛИ МАРДУМИ МАСЧОИ КУХИ КАНДОТУНА ЗАНЕД!!!
Аз довари ин нимчадоварони наврузи наранчеду нуму нуни ЗАРАФШУНА ПОС ДОРЕД. АСЛО ШУНЕТУН РАНГИ ХОКА НАБИНАДУ ХАМЕША ДАСТАКОТУН БОЛО БОШАД.
ИН БУРДБОРИ НИШУНАШУН ДОД КИ КТО ЕСТЬ КТО. БА КАВЛИ МАРДУМИ МАСЧО WHO IS WHO!!!
Рухи Мусо пахлавуна шод кардёд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)